Ба ёри бевафо умре вафо кардам, надонистам
Ба ёри бевафо умре вафо кардам, надонистам,
Ба уммеди вафо бар худ ҷафо кардам, надонистам.
Дилозоре, ки ҳаргиз дида бар мардум наяндозад,
Ба сони мардумаш дар дида ҷо кардам, надонистам.
Агар гуфтам, ки дорад ёри ман ойини дилҷӯйӣ,
Маозаллоҳ, ғалат кардам, хато кардам, надонистам.
Балои ҷони ман он шӯху ман афтода дар кӯяш,
Дареғо, хона дар кӯйи бало кардам, надонистам.
Ба ҳар бегона бошад хӯи ӯ аз ошно беҳтар,
Ба он бегона худро ошно кардам, надонистам.
Гирифтам он сари зулфу кашидам сад гирифторӣ,
Ба дасти хеш худро мубтало кардам, надонистам.
Ҳилолӣ, пеши он маҳ шармсорам з-ин ҳикоятҳо,
Дар ин маънӣ ба ғоят моҷаро кардам, надонистам.