Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Магӯ афсонаи Маҷнун, чу ман дар анҷуман бошам

Магӯ афсонаи Маҷнун, чу ман дар анҷуман бошам, Аз ӯ боре чаро гӯяд касе, ҷое ки ман бошам? Касе афсонаи дарди маро ҷуз ман намедонад, Аз он доим мани девона бо худ дар сухан бошам. Бирав, зоҳид, ки ман коре надорам ғайри май хӯрдан, Маро бигзор, то машғули кори хештан бошам. Ҷудо з-он сарвқад гар ҷониб бустон равам рӯзе, Ба ёди қадди ӯ дар сояи сарви чаман бошам. Чӣ сон пинҳон кунам розе, ки аз сад парда зоҳир шуд? Магар вақте ниҳон монад, ки дар зери кафан бошам. Маро ҷон кӯҳи андуҳ асту ман ҷон меканам, оре, Туро чун лаъл ширин асту ман ҳам кӯҳкан бошам. Ҳилолӣ, чун намепурсад маро ёреву ғамхоре, Мани мискин ғарибам, гарчи доим дар ватан бошам.