Чӣ ҳол аст ин, ки ҳар гаҳ дар ҷамолат як назар бинам
Чӣ ҳол аст ин, ки ҳар гаҳ дар ҷамолат як назар бинам,
Шавам беҳушу натвонам, ки як бори дигар бинам?
Зи ҳаҷрат тиратар шуд рӯзам аз шаб, лек мехоҳам,
Ки ҳар рӯйи туро аз рӯзи дигар хубтар бинам.
Ту масти бодаи нозию ҳоли ман намедонӣ,
Намедонам, туро то чанд аз худ бехабар бинам?
Ба кӯят ояму рӯят набинам, ваҳ, чӣ ҳол аст ин?
Ки он ҷо баҳри дидор ояму девору дар бинам.
Чунин к-аз меҳнату хорӣ фитодам дар нигунсорӣ,
Бинои умри худро дам ба дам зеру забар бинам.
Фиғон, к-аз гардиши гардун набинам ҳаргиз он маҳро,
Ва гар бинам, пас аз умре чу умраш даргузар бинам.
Шаби ғам дида бастам, то набинам бе ту оламро,
Чӣ бошад, гар кушоям чашму ин шабро саҳар бинам?
Ҳилолӣ, гар бубинам осмонро зери пойи худ,
Чунон набвад, ки хоки остонаш зери сар бинам.