Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ё Раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям?

Ё Раб, ғами бераҳмии ҷонон ба кӣ гӯям? Ҷон аз ғами ӯ сӯхт, ғами ҷон ба кӣ гӯям? Не ёру на ғамхор, на кас маҳрами асрор, Ранҷурию маҳрумӣю хирмон ба кӣ гӯям? Ошуфта шуд аз қиссаи ман хотири ҷамъе, Дигар чӣ кунам, ҳоли парешон ба кӣ гӯям? Гӯянд табибон, ки бигӯ дарди худ, аммо Дарде, ки гузаштаст зи дармон, ба кӣ гӯям? Дарде, ки маро сохта расво, ҳама донанд, Доғе, ки маро сохта пинҳон, ба кӣ гӯям? Андӯҳи ту ногуфтаву дарди ту ниҳон беҳ, Ин пеши кӣ зоҳир кунаму он ба кӣ гӯям? Халқе ҳама бо ҳам сухани васли ту гӯянд, Ман бекасам, афсонаи ҳиҷрон ба кӣ гӯям? Даври тараб, афсӯс, ки бигзашт, Ҳилолӣ, Даври дигар омад, ғами даврон ба кӣ гӯям?