Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Эй ки аз хубон муроди мо туӣ, мақсуд ҳам

Эй ки аз хубон муроди мо туӣ, мақсуд ҳам, Чун туе ҳаргиз набудасту нахоҳад буд ҳам. То ба савдои ту афтодем дар бозори ишқ, Аз зиёни ҳар ду олам фориғем, аз суд ҳам. Сӯзи худро чун ниҳон дорам? К-аз он рухсору зулф Дар дил афтод оташу аз ҷон баромад дуд ҳам. Баски бахти бад маро саргашта дорад чун фалак, Аз фалак шодам ману аз бахти нохушнуд ҳам. Гар дари ишрат ба рӯям гил нахоҳад кард ишқ, Чашми ман гирён чаро шуд, чеҳра гардолуд ҳам? Охир, эй ороми ҷонҳо, раҳмате фармо, ки ман Синаи маҷрӯҳ дорам, ҷони ғамфарсуд ҳам. Чун дили зори Ҳилолӣ бе ту афғон баркашид, Чанг бар дарди дилаш дар нола омад, уд ҳам.