Худро нишони новаки бадхӯйи худ кунам
Худро нишони новаки бадхӯйи худ кунам,
Рӯяш бад-ин баҳона магар сӯйи худ кунам.
Ҳар мӯйи ман ҳазор забон бод дар ғамаш,
То ман ҳикоят аз ғами як мӯйи худ кунам.
То дар ҳарими кӯйи ту паҳлу ниҳодам,
Ҳар дам ҳазор айш зи паҳлӯйи худ кунам.
Шабҳо, ки саргардон шавам аз соғари фироқ,
Болини худ ҳам аз сари зонуйи худ кунам.
Оинавор хок шудам аз ғубори ғайр,
Бошад, ки рӯйи ӯ тарафи рӯйи худ кунам.
Имшаб зи васли ғайр, Ҳилолӣ, хамӯш бош,
То ман сухан зи моҳи сухангӯйи худ кунам.