Агар хонӣ дарунам, бандаи ин хонадон бошам
Агар хонӣ дарунам, бандаи ин хонадон бошам,
Ва гар ронӣ бурунам, чун сагон бар остон бошам.
Надонам бандаи рӯйи ту бошам ё саги кӯят,
Ба ҳар навъе ки мехоҳӣ, бигӯ, то ончунон бошам.
Чӣ саг бошам, ки оям, устухоне хоҳам аз кӯят?
Вале хоҳам, ки аз баҳри сагонат устухон бошам.
Чу аз шавқи ту як шаб хоб дар чашмам намеояд,
Иҷозат деҳ, ки шабҳо гирди кӯят посбон бошам.
Ғами ҳаҷри ту дорам, як замон аз васл шодам кун,
Чӣ бошад, ғам барояд, ман замоне шодмон бошам?
Каъбои ҳусн пӯшидӣ, саманди ноз зин кардӣ,
Бинеҳ по дар рикоб, эй умр, то ман дар инон бошам.
Маро гуфтӣ: «Ҳилолӣ, дар ҷаҳон расво шудӣ охир»,
Ман он беҳтар, ки дар ишқи ту расвои ҷаҳон бошам.