Агар чун хок поймолам кунӣ, хоки дарат гардам
Агар чун хок поймолам кунӣ, хоки дарат гардам,
Ва гар чун гард бар бодам диҳӣ, гирди сарат гардам.
Кашӣ ханҷар, ки месозам ба дасти хеш қурбонат,
Чӣ лутф аст ин, ки ман қурбони дасту ханҷарат гардам.
Ту моҳи кишвари ҳуснию шоҳи лашкари хубон,
Гадои кишварат бошам, асири лашкарат гардам.
Пас аз мурдан чу дар парвоз ояд мурғи ҷони ман,
Чу мурғони ҳарам бар гирди қасру манзарат гардам.
Магасворам, ба талхӣ чанд ронӣ? Сӯйи хешам хон,
Ки бар гирди лаби ширини ҳамчун шаккарат гардам.
Ҳилолиро ба ҳушёрӣ чӣ ҷои таъна, эй соқӣ?
Бигардон соғари май, то ҳалоки соғарат гардам.