Ҷилваҳои қади дилҷӯйи туро банда шавам
Ҷилваҳои қади дилҷӯйи туро банда шавам,
Нозукиҳои гули рӯйи туро банда шавам.
Бандаро бо сари ҳар мӯйи ту меҳри дигар аст,
Бар сарат гардаму ҳар мӯйи туро банда шавам.
Ғайр аз ин чора надорам пайи дахли кӯят,
Ки ғуломони сари кӯйи туро банда шавам.
Ту агар банданавозию вафохӯй кунӣ,
Ман ҳам аз рӯйи вафо хӯйи туро банда шавам.
Муддате шуд, чу гадоён ба дуо хостаам,
Ки гадоёни дуогӯйи туро банда шавам.
Моҳи ид аст, Ҳилолӣ, хами абрӯй куҷост?
Чун Ҳилолӣ хами абрӯйи туро банда шавам!