Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

То кай ба дарат ояму дилдор набинам?

То кай ба дарат ояму дилдор набинам? Сад бор туро ҷӯяму як бор набинам? Гӯё, ҳарами кӯйи ту Каъбаст, дар он ҷо Ҳарчанд равам, ҷуз дару девор набинам. Донӣ, ки маро базмгаҳи айш кадом аст? Ҷое ки туро бинаму ағёр набинам. Имрӯз дар ин шаҳр диле нест, ки ӯро Дар доми болои ту гирифтор набинам. Ӯ мераваду ҷамъ рақибон зи қафояш, То шеваи он қомату рафтор набинам. Хуршеди латофат рухи ёр аст, Ҳилолӣ, Он рӯз мабодо, ки рухи ёр набинам.