Ёр омаду ман тоқати дидор надорам
Ёр омаду ман тоқати дидор надорам,
Аз худ гилае дораму аз ёр надорам.
Шодам, ки ғами ёр зи худ бехабарам кард,
Боре хабар аз таънаи ағёр надорам.
Гуфтам: Чу биёӣ, ғами худ бо ту кунам шарҳ,
Аммо чӣ кунам, тоқати гуфтор надорам.
Лутфи ту бувад андаку андуҳи ту бисёр,
Ман худ гилаи андаку бисёр надорам.
Гӯ, халқ бидонанд, ки ман риндаму расво,
Аз риндии бадномии худ ор надорам.
Беқайдаму аз кори ҷаҳон фориғу мутлақ,
Кас бо ману ман ҳам ба касе кор надорам.
Ҳоли мани дилхаста хароб аст, Ҳилолӣ,
Озурдадиле дораму ғамхор надорам.