Бо ту хоҳам шарҳи ғамҳои дили маҳзун кунам
Бо ту хоҳам шарҳи ғамҳои дили маҳзун кунам,
Лек аз хӯйи ту метарсам, надонам, чун кунам?
Чанд дорам дар фироқаш ҳолати назъи равон?
Кошкӣ якборагӣ ҷонро зи тан берун кунам.
Ман ба ин дил бас намеоям, надонам чора чист?
То ба чанд афсона гӯям? То ба кай афсун кунам?
Гар ба домони фалак резам, Ҳилолӣ, ашки худ,
Ранги зарди моҳро ҳамчу шафақ гулгун кунам.