Зоҳир накунам пеши рақибон алами дил
Зоҳир накунам пеши рақибон алами дил,
Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил.
Ҷо кун ба дилу дида, ки ғайр аз ту нашояд
Султони саропардаи чашму ҳарами дил.
Эй сабр, куҷой, ки зи ҳад мегузарад боз
Бар дил ситами он маҳу бар ман ситами дил.
Пойи дилам афгор шуд аз хори раҳи ишқ,
Эй кош, дар ин раҳ нарасидӣ қадами дил.
Дар ишқи ту расвои ҷаҳон аст Ҳилолӣ,
Гоҳ аз ғами бисёру гаҳ аз сабри ками дил.