Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Омад баҳору хуш дилам аз рангу бӯи гул

Омад баҳору хуш дилам аз рангу бӯи гул, Он беҳ, ки май кашам ду-се рӯзе ба рӯйи гул. Гул дидам, орзуи касе дар дилам фитод, К-аз диданаш касе накунад орзӯи гул. Ин дам, ки бӯи дилкаши гул медиҳад насим, Бас дилкаш аст гашти гулистон ба бӯи гул. Хуш он, ки ёр бошаду ман дар карими боғ, Ман сӯйи ӯ назар фиганам, ӯ ба сӯйи гул. Дид он ду рух Ҳилолию осудадил нишаст Аз ҷустуҷӯи лолаву аз гуфтугӯи гул.