Гар ту аз фараҳ чӯ бодӣ субҳ бар хокӣ манаш
Гар ту аз фараҳ чӯ бодӣ субҳ бар хокӣ манаш,
Хамчу гард аз хок бархезам, бипайрам доманаш.
Дар ҳавош гар равам зарроти хокӣ ман ба бод,
Дар хаводор даромам зарраҳо аз равзанаш.
Он парирӯро чи локи кӯбдон торики дил,
Мардуми чашм аст, биншонам ба чашми равшанаш.
Гар шабе лутфи танаш бар пироҳан зоҳир шавад,
Аз вуҷуди дигар натвонанд пар кабо пироҳанаш.
Аз латофат дам мазан, эй гул, ба он нозукбадан,
З-он ки гар дам мезанӣ, озурда мегардад танаш.
То ба гардун гарчӣ ҳунарманд, дида бар рухи ӯ,
Гар ба хуршедам нигарад, хун шавад бар гарданаш.
Хок шуд мискин Ҳилолӣ дар раҳаш он шахсвор,
То бигардад гирди хоки ӯ, ғубори доманаш.