Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дилам рафту ҷони ҳазин ҳам намонад

Дилам рафту ҷони ҳазин ҳам намонад, Зи умр андаке ҳасту ин ҳам намонад. Сарам хок он дар шавад зуд бошад, Ки гардиш ба рӯйи замин ҳам намонад. Нишаста ба хун мардуми чашм, донам, Ки дар хона мардумнишин ҳам намонад. Чӣ ҳар дам ба ноз афканӣ чин дар абрӯ? Маноз, эй бути Чин, ки чин ҳам намонад. Ҳилолӣ, агар нест чун ҳоли аввал, Махӯр ғам, ки охир чунин ҳам намонад.