Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дардмандам, гар маро дармон набошад, гӯ: мабош

Дардмандам, гар маро дармон набошад, гӯ: мабош, Дардамандони туро гар чун набошад, гӯ: мабош. Гар ғарибе бар сари кӯят бимирад, гӯ: бимир, В-ар гадое дар дари султон набошад, гӯ: мабош. Чанд рӯзе бо ҷамолат ишқи пинҳон бохтам, Баъд аз ин, ин қисса гар пинҳон набошад, гӯ: мабош. Ошиқи девонаам, сомони кор аз ман маҷӯ, Ошиқи девонаро сомон набошад, гӯ: мабош. Дар бутон дил бастам, дигар маро бо дин чӣ кор? Бутпарастам, гар маро имон набошад, гӯ: мабош. Гар Ҳилолӣ аз сари кӯят ба зорӣ рафт, рафт, Инчунин хоре дар он бустон набошад, гӯ: мабош.