Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

То силсилаи зулфи ту занҷири чунун шуд

То силсилаи зулфи ту занҷири чунун шуд, Вобастагии ин дили девона фузун шуд. Шарманда шуд аз акси ҷамолат маҳу хуршед, В-аз орази ту синаи гул ғарқаи хун шуд. Хун шуд дили ман дам ба дам аз фурқати дилбар, З-он рӯй раҳи дидаи хунбор бурун шуд. Он чо, ки саборо гузаре нест, кӣ гӯяд Ҳоли дили ин хаста ба дилдор, ки чун шуд? Ҳарчанд қадат рост, Ҳилолӣ, чу алиф буд, Аз бори ғами дӯст ба як бор чу нун шуд.