Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред

Он камар бастану ханҷар заданашро нигаред, Тарфи доман ба миён бар заданашро нигаред. Ҷониби гиряи ман чун нигарад аз сари ноз, Ханда бар ҷониб дигар заданашро нигаред. Шӯхи ман маст шуду соғари май зад ба сарам, Шӯхию мастию соғар заданашро нигаред. Чун ба он қомати раъно кунад оҳанги чаман, Таъна бар сарву санавбар заданашро нигаред. Мункарон, оҳи ҷаҳонcӯзи Ҳилолӣ бинед, Ҳар дам оташ ба ҷаҳон дар заданашро нигаред.