Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад

Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад, В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад. Ҳар кӣ хашми худ фурӯ хӯрд ай ҷавон, Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон. Он бувад аблаҳтарини мардумон, К-аз паи нафсу ҳаво бошад давон. В-он гаҳе пиндорад он торикрой, Хоҳад омурзиданаш охир Худой. Гарчӣ дарвешӣ бувад сахт, ай писар, Ҳам зи дарвешӣ набошад хубтар. Ҳар, ки ӯро нафси тавсан ром шуд, Аз хирадмандони некӯном шуд. Бар муроди нафс то гарди асир, Сабр бигзину қаноат пеша гир. Дар риёзат нафси бадро гӯшмол, То наяндозад туро андар вубол. Ҳар кӣ хоҳад, то саломат монад ӯ, Аз ҷамеи халқ рӯ гардонад ӯ. Мардумонро сар ба сар дар хоб дон, Гашт бедор он ки ӯ рафт аз ҷаҳон. Он ки ӯ ранҷонадат, узраш пазир, То биёбӣ мағфират бар вай магир. Ҳақ надорад дӯст халқозорро, Нест ин хислат яке диндорро. Аз ситам ҳар к-ӯ дилеро реш кард, Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард. Он кӣ дар банди дилозорӣ бувад, Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад. Эй писар, қасди дилозорӣ макун, В-аз Худои хеш безорӣ макун. Хотири касро маранҷон, эй писар, В-арна хӯрда захм бар ҷон, эй писар. Номи мардум ҷуз ба некӯӣ мабар, Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ мӯътабар. Қуввати некӣ надорӣ, бад макун, Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун. Рав, забон аз ғайбати мардум бубанд, То набинӣ даступои худ ба банд.