Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар дили ман чи мурдаҳо зинда,
Дар дили ман чи мурдаҳо зинда, Дар дили ман чи зиндаҳо мурданд. Аз дилам дилбарон чу музди висол Пора-пора ба чор сӯ бурданд.
Як замоне –
Як замоне – Дар ҷавонӣ Гармии бозори дил буд. Ҳамчу ганҷи зиндагонӣ
Саҳар чун офтоб аз хоб бархезад,
Саҳар чун офтоб аз хоб бархезад, Ҳама аз хоб мехезем Барои хидмати дунё камар баста, Ба амри зиндагонӣ ҳар тараф рахти сафар баста.
Рӯз аз рӯз умр мегузарад,
Рӯз аз рӯз умр мегузарад, Мешавам ҳар дақиқа дур аз хеш. Чил баҳорам ба шӯхию мастӣ Рафтаю ман нишаста беташвиш.
Ҷавонмаргони шеъру шоирӣ!
Ҷавонмаргони шеъру шоирӣ! Ҷавонмаргони илму донишу фарҳанг! Чаро барвақт аз дунё гузаштед? Сари сабзу забони сурхатонро,
АГАР...
Агар мо метавонистем Ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем, Агар мо метавонистем Рози синаи ҳар мурдаро некӯ биёмӯзем,
Ҳайф шуд, ҳайф шуд ҷавонии ту
Ҳайф шуд, ҳайф шуд ҷавонии ту Аз фиреби муҳаббату ошиқ. Аз дурӯғу маломату бӯҳтон, Аз қасамҳои ёри нолоиқ.
ҚАСИДАИ МИЛЛИОН
Замини тоҷикон дар арзи милён сол милёнро намедонист, Зи бас ин гуна давронро намедонист. Замини оҷизи мо хуфта буд, зеро
Ё шабе дар оғуши ёр,
Ё шабе дар оғуши ёр, Ё шабе аз теғи ағёр, Ё ки бо пои равон бо ҳукми тақдир Ногаҳон дар роҳи ҳамвор,
АЛҚАСВА
Дар шаби меъроҷ Пайғамбар ба даргоҳи худо рафт. То биёрад хатти чак1 бар мардуми ҳамнавъи худ
МАДҲИЯИ АҶАЛ
Меситоям маргро! Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди табиат, Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди муҳаббат, Баски дар халлоқият чун модар аст,
Пештар,
Пештар, Дар он замони меҳру ишқ, Дар замоне, ки замину осмонат хонаи беназми ман буд,
БОЗ ЯК МУШТ
Дар Туркия китобе бо унвони «Буюк турк файласуфи ва тиб устоди ибни Сино шахсияти ва асарлари ҳақида тадқиқлар» чоп шудааст...
ФАХРИЯ
Асли ман шеъру ғазалҳои мананд, На ҳамин шӯру мағалҳои мананд. Ман агар риндиву мастӣ кардаам, Хотири инсонпарастӣ кардаам...
Боз аз дур туро дидаму рафт
Боз аз дур туро дидаму рафт Дилам аз раҳгузари хотираҳо. Мӯи афшони ту ёдам омад, Бо ҳама замзамаи шаршараҳо.
КУҶО РАФТӢ, ҶАВОНИЯМ?
Куҷо шуд мӯи мушкинат? Куҷо шуд дасти гулчинат? Куҷо шуд Моҳу Парвинат? Куҷо шуд ёри ширинат?
ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ
Ман ошиқи дарёстам, Пуршӯру пурсавдостам. То навбати дунё марост, Дунёстам, дунёстам.
Оҳ, эй зан, зани оташбунёд,
Оҳ, эй зан, зани оташбунёд, Оҳ, эй зан, зани пуршӯру шарар, Ту маро сӯхтӣ шаб дар оғӯш, Саҳарам рондӣ кафи хокистар.
БАРОИ БАДХОҲЕ
Ту садди меҳрӣ, Ман садди ҷангам. Ту номи ребу Ман ному нангам.
ДИДОРГОҲИ ДЕРИН
Боз аз он ҷо мегузаштам, Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам. Гӯиё андӯҳи дунёе ба дил Ман зи дунё мегузаштам.
ЯЪС
(шеъри як ҳолат) Дафтарам холист, холӣ, Соғарам холист, холӣ. Аз баду неки ҳарифон
ҶАВОБ БА НОМАИ СУЛАЙМОН ЛОИҚ
Бокам аз туркони тирандоз нест, Таънаи тироваронам мекушад. Ҳофиз Аз Ҷалолобод омад номаат,
ФАРҶОМИ ЯК ИШҚ
Охир ба ҳазор андӯҳ Ман ишқи туро куштам. Як қофила дардамро Дар дашти бало куштам.
ЧАШМИ ДЕҲҚОН
Ҳар саҳар деҳқон чу бархезад зи хоб, Як назар созад ба рӯи осмон. Як назар созад ба даргоҳи тулӯъ – Бар тулӯи офтоби ховарон.
ГӮРИСТОНИ ХАЙРА
Чи гӯристони хушбахтест Хайра, Ки дар он қолаби Хайём хуфта. Куҷо Хайём? Андар синаи хок Ҳама исёни он айём хуфта.

