Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аввалин шеърам ту будӣ –
Аввалин шеърам ту будӣ – Аввалин шеъри пур аз дардам ту будӣ. Аввалин ошӯби сӯзон Андаруни синаи сардам ту будӣ.
Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст,
Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст, Боз мехоҳам туро бар коми дил. Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод Дар нафасҳои пасин анҷоми дил.
Дар хобҳои равшану поки биҳиштиям
Дар хобҳои равшану поки биҳиштиям Мебинамат, ки бо дили ман меҳрубонтарӣ. Аз лаҳзаҳои кӯтаҳи дидору иштиёқ Бас дилмувофиқи ману бас дилситонтарӣ.
Зи бахти гумшуда чун оварам ёд,
Зи бахти гумшуда чун оварам ёд, Зи дуродур овози ту ояд. Дили гумкардаамро чун биҷӯям, Саропои туам дил менамояд.
Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман
Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман Рух намоӣ аз дари айвони хеш, Ҳеҷ кайвоне зи айвонат баланд Кай бувад дар вусъату паҳновариш?
Дили ман чун гули даврони хеш аст,
Дили ман чун гули даврони хеш аст, Ба даврони дигар ҳаргиз нарӯяд. Хазон дорад баҳори зиндагонӣ, Хазонро ҳеҷ кас чун гул набӯяд.
Бо ту дарёфтам, ки то имрӯз
Бо ту дарёфтам, ки то имрӯз Зиндагиям ҳама хатои дил аст. То тую санъати муҳаббати ту Ошиқиям ҳама ҷазои дил аст.
Занг бандад даруни сина дилам,
Занг бандад даруни сина дилам, Нашнавам занги хандаҳоятро. Рӯзгорам чи бесадо бошад, Нашнавам соате садоятро.
Ишқи ту камтар зи дарёе набуд,
Ишқи ту камтар зи дарёе набуд, То замини хотирам гулзор шуд. То зи фарёду ғиреви мавҷҳош Бахти хоболуди ман бедор шуд.
Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб,
Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб, Ки роҳи хонаи худро наёбам. Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро, Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.
Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист,
Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист, Умеди суҳбати дигар камоли хушбахтист. Насиби лаззати дидор агар муяссар нест, Насиби ҷони ҷавонам заволи хушбахтист.
Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман,
Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман, Боз омадӣ барои ман, танҳо барои ман. Дар гесувони беғамат атри баҳорҳо Дар дидагони равшанат нури бақои ман.
Дидам ӯро боз баъди чанд сол,
Дидам ӯро боз баъди чанд сол, Талъати болидааш коҳида буд. Дар назар чун шаҳри баъди зилзила Кишвари ҳуснаш зи ҳам пошида буд.
РАҚСИ ТУ
Рақси ту гар сабки эъҷоз аст дар рӯи замин, Пеши ман як сабки парвоз аст сӯи осмон. Рақси ту ҳарчанд баҳри беғамон як дилхушист, Баҳри ман як олами дард аст, да
Ишқи ту дар дили ман пир шуда,
Ишқи ту дар дили ман пир шуда, Аз ғами ту дили ман сер шуда. Баъд аз ин нашъаи дилдодагӣ нест, Вақти кӯдакдилию содагӣ нест.
Эй умеди дили саргаштаи ман,
Эй умеди дили саргаштаи ман, Ишқи ту шуълаи саркаш дорад. То ғамат ҷони маро месӯзад, Шеъри ман сафҳаи оташ дорад.
ЧАҲОР БӮСА
Дар баҳорон Зери борон Бо навои обшорон Чашмҳоятро бибӯсам,
НАФРИН
Лаънати халқ бод бар он кас, Ки зи дунҳиммативу беорӣ Хурда шири сафеди модарро Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ!
ОБИ СЕВАН
Синаи модар-замин гарчи нахушкидаст чун меҳри Ватан, Мешавад кам сол то сол оби Севан, Мешавад кам мисли оби чашми арман.
Оваҳ, оваҳ, чи тирамоҳе буд,
Оваҳ, оваҳ, чи тирамоҳе буд, Ки хазонаш баҳори дилҳо дошт. Ба сари мо хазон чу гул мерехт, Ҳар хазоне гули таманно дошт.
Ин ишқи дилгудоз, ки эҳсони зиндагист,
Ин ишқи дилгудоз, ки эҳсони зиндагист, Дар синаи хамӯши мо меҳмони зиндагист. Як рӯди пурхурӯш ба саҳрои орзу, Як рӯзи офтобии даврони зиндагист.
Тавлид шавам агар дубора
Тавлид шавам агар дубора Бо ин ҳама шавқу шӯру идрок, Бо ин ҳама рои дилшиносӣ, Бо ин дили оташину бебок;
Биё, ки бахти ҷавонро ҷавон ба бар гирем,
Биё, ки бахти ҷавонро ҷавон ба бар гирем, Ба кӯи дил биравему аз ӯ хабар гирем, Зи кӯрдуд чӣ ҳосил, баланд даргирем! Биё, ки дарди ту бо ман аниси дерин аст,
Дар дили ман чи мурдаҳо зинда,
Дар дили ман чи мурдаҳо зинда, Дар дили ман чи зиндаҳо мурданд. Аз дилам дилбарон чу музди висол Пора-пора ба чор сӯ бурданд.
Як замоне –
Як замоне – Дар ҷавонӣ Гармии бозори дил буд. Ҳамчу ганҷи зиндагонӣ

