Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ШИКАСТАБАНД
Падари ман шикастабанде буд, дипломе надошт, аммо чу беморе пешаш меомад,
Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро,
Ҳар гаҳе бо ханда бикшоӣ лабатро, Хандаат қуфли диламро мекушояд. Ҳар гаҳе ширин бихандӣ ҷониби ман, Зиндагӣ рангину ширин менамояд.
Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш,
Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш, Бо ситези гирдбоду бо ғубору гарди хеш. Орзуҳои ҷавонмарги мананд ин баргҳо, Ки ба рӯи хок мерезанд оҳу дарди хеш.
Сода будам, бахудо, сода, ки зуд
Сода будам, бахудо, сода, ки зуд Ба қасамҳои ту бовар кардам. Ҳама ҳарфе, ки ту гуфтӣ бари ман Мисли байти сара аз бар кардам.
Ман барои ту дилам месӯзад,
Ман барои ту дилам месӯзад, Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ. Аз нахустин хатаре кебида1 ,
ЯК РӮЗИ БЕКАСӢ
Дасту поям канда шуд аз осмон, Канда шуд меҳри дилам аз дӯстон. Ёри ширинам ба соғар заҳр рехт, Ҷои меҳр андар дили ман қаҳр рехт,
Дар мадори ҳама ин дору мадор,
Дар мадори ҳама ин дору мадор, Дар ҳисори ҳама ин аҷзу ниёз, Чун ба поён бирасад савдоят, Аз мани дилшуда ёд оварӣ боз.
Наврӯзи ман бе ту гузашт,
Наврӯзи ман бе ту гузашт, Бе рӯи ту бадрӯ гузашт. Чун рангу бӯи ту надошт, Орӣ зи рангу бӯ гузашт.
Аз куҷо омадӣ, эй чашмаи нур?
Аз куҷо омадӣ, эй чашмаи нур? Аз куҷо омадӣ, эй махзани шеър? То дилам дошт зи домони дилат, Баъд аз ин дасти ману домани шеър!
Ёри деринам ба зери хок рафт,
Ёри деринам ба зери хок рафт, Дар сари хокаш гиристам. Дар дили хок орамиду доғдил Бар дили покаш гиристам.
Ту барои дили ман тозаву тар,
Ту барои дили ман тозаву тар, Ту барои дили ман зебо бош. То даме ошиқи яктои туам, Ту барои дили ман якто бош.
Ишқи ту чун насими субҳонӣ
Ишқи ту чун насими субҳонӣ Дар дилам накҳати баҳор овард. Номи ту мисли хатти пешонӣ Хатти қисмат зи кирдгор овард.
Ту ногаҳ омадӣ дар олами ман
Ту ногаҳ омадӣ дар олами ман Зи роҳи содагиҳои ҷавонӣ. Латифу шӯхшангу шӯхдида Саропо маҳзи дунёи ҷавонӣ.
ШЕЪРЕ ДАР БЕМОРИСТОН
Паси шиша дарахтон ҷумла урёнанд... Чунин дарёфтам: гӯӣ ҳама аз даст хоҳад рафт, Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона. Замин аз зери поям мегурезад,
Чун дарахтон дӯст дорам ман заминро,
Чун дарахтон дӯст дорам ман заминро, Ҳамчу пирон дӯст дорам зиндагониву замонро. Чун гули вартоҷ дорам дӯст Офтобу нури онро,
ПИРӢ
Ин чи фаслест, ки ҷуз доғ нарӯяд аз хок, Дасти гулпарвараш аз хандаи гул метарсад. Зӯри кӯҳафканаш аз коҳ биҷӯяд имдод, Аспи дарёбураш аз сояи пул метарсад.
Эй насими биҳиштии дарё!
Эй насими биҳиштии дарё! Дар дили ман қарор кун боре. Ё ту ҳам чун мани шитобзада Зиндагиро шитоб пиндорӣ?
БА МИЛИСАИ РАҲБОН
(Ҳазлия) Ту – раҳбон, нозири раҳҳои мошин, Чу чашмат нест чашмоне ҳамабин, Дуоят мекунам, аз осмонҳо
Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ
Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ Маҳ тор танида мебаромад. Як банд алаф ба пушт пире Аз кӯҳ хамида мефаромад.
Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг
Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг Чу духтар кокулашро шона мекард. Парастуе, ки ҷои лона меҷуст, Ту гӯӣ дар дили ман лона мекард.
Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост,
Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост, Ҳар гаҳ, ки бо туям, ҷонам пур аз навост. Ҳар гаҳ, ки бо туям, гардун чи раҳмдил, Қисмат чи меҳрубон, толеъ чи босахос
Барои он ҳама дунёи эъҷоз,
Барои он ҳама дунёи эъҷоз, Барои он ҳама ангези парвоз, Барои он ҳама иршоду илҳом, Барои он ҳама оғозу анҷом,
Агар ёбам ҷавонии дубора,
Агар ёбам ҷавонии дубора, Туро, танҳо туро мехоҳаму бас. Ба ҳар қисмат, ба ҳар қимат, ки бошад, Туро ҳаргиз нахоҳам дод бар кас.
Хуш меҳнатест ишқат, эй меҳнати дили ман,
Хуш меҳнатест ишқат, эй меҳнати дили ман, Хуш санъатест ҳуснат, эй санъати дили ман, Хуш қисматест дардат, эй қисмати дили ман. Боз омадӣ баногаҳ аз роҳи дилпис
Ҳамчунон дар тамоми давру замон
Ҳамчунон дар тамоми давру замон Устоди сухан чи кампайдо, З-устодони туҳмату буҳтон Зиндагонӣ пур аст, сад ҳайфо!

