Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЯК РӮЗИ БЕКАСӢ

Дасту поям канда шуд аз осмон, Канда шуд меҳри дилам аз дӯстон. Ёри ширинам ба соғар заҳр рехт, Ҷои меҳр андар дили ман қаҳр рехт, Ишқ дар ман мурду ёре ҳам намонд, Аз ғами ширини ӯ ҳам ғам намонд. Тобаи холӣ намудам офтоб, Осмон як ҷоми холӣ аз шароб. Пеши чашмам рӯди паҳно хушк шуд, Худ ба худ печидаву хомӯш шуд. Эй худо, дар ин ҷаҳон одам чӣ аст? Одамӣ гар ин бувад, олам чӣ аст? Дафтари ашъори худро сӯхтам, Чун аз он бедонишӣ омӯхтам. Он қадар аз хомаи ман хомӣ буд, Ки ҳама номоварӣ гумномӣ буд. Он қадар ҳастии ман ангора дошт, Ки маро ангорааш овора дошт. Он қадар дар гирдбоди зиндагӣ Ёд овардам зи ёди зиндагӣ, Он қадар сер аз дағалбозӣ шудам, Ки ба марги хештан розӣ шудам...