Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як замоне –

Як замоне – Дар ҷавонӣ Гармии бозори дил буд. Ҳамчу ганҷи зиндагонӣ Ишқи ёре ёри дил буд. Бо ҳама сӯзу навое, Бо ҳама афсонабозӣ, Бо камоли дилрабоӣ, Бо шукӯҳи дилгудозӣ Кори мо худ кори дил буд. Хомсӯзи оташи дил – Гоҳ хому гоҳ бирён, Ташнаи девонагиҳо Ҷону дил муштоқи исён... Олами рӯҳ, олами ҷон Равшан аз анвори дил буд. Олами пурофтобе доштем, З-оташи дил обутобе доштем. Байни обу байни оташ Бо дили худ сарҳисобе доштем. Ҳар ғаме, ки буд дар дил, Ишқ худ ғамхори дил буд. Як замоне Чун насиби зиндагонӣ Давлати мо давлати бедори дил буд. Шоирӣ буд... Ошиқӣ буд... Шоири маҷнунтабиат – Лоиқе буд...