Саҳар чун офтоб аз хоб бархезад,
Саҳар чун офтоб аз хоб бархезад,
Ҳама аз хоб мехезем
Барои хидмати дунё камар баста,
Ба амри зиндагонӣ ҳар тараф рахти сафар баста.
Ҷаҳон дар рӯ ба рӯи мо
ба монанди адӯи мо
Ва мо бо ӯ тамоми рӯз меҷангем.
Тамоми рӯз мисли анкабут
аз баҳри сайди нафси худ анфаст мебофем,
Ба ду по гоҳ мелангем,
Гаҳе беҳуда мелофем.
Дари худро ба рӯи мо саҳар чун боз бинмояд,
Дари нафсу
дари чашмони носеру
дару тирезаҳои хешро мо ҳам
Ба рӯи офтобу рӯзи нав бо шавқ бикшоем,
Ки то имрӯз ҳам аз зиндагонӣ
нақди умри хеш бирбоем.
Дари дӯкони худро боз карда кӯҳнадӯзи пир
Ба кафши раҳгузарҳо чашм медӯзад.
Ҳамехоҳад:
Ҳама офоқ бо кафши дарида пеши ӯ ояд.
Дари майхонаашро боз карда,
майфурӯши пир
Ба чашми раҳгузарҳо чашм медӯзад.
Ҳамехоҳад, ки аз баҳри сабӯҳӣ
сар ба сар дунё
давида пеши ӯ ояд.
Заноне, ки тамоми шаб нахуфта
зи танҳоӣ ба рахти хоб нолида,
саҳар норозӣ аз тақдири ошуфта,
зи рахти хоб бархезанд,
Ба чашми раҳгузарҳо бо танаффур
чашм медӯзанд.
Вале марде, ки шаб то субҳ хуфта
бо зани бегона дуздона
Ҳама шаб бода хӯрда, ком бурда,
Канори хешро аз атри оғӯш анбарин карда,