Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

КУҶО РАФТӢ, ҶАВОНИЯМ?

Куҷо шуд мӯи мушкинат? Куҷо шуд дасти гулчинат? Куҷо шуд Моҳу Парвинат? Куҷо шуд ёри ширинат? Чу тире бар ҳаво рафтӣ, Чу атре бо сабо рафтӣ, Куҷо рафтӣ, ҷавониям? Ҷавониям, куҷо рафтӣ? Куҷо шуд авҷи парвозат? Куҷо шуд ҳусни оғозат? Куҷо шуд ишваву нозат? Куҷо шуд фасли эъҷозат? Чу ахтар аз само рафтӣ, Чу кафтар аз фазо рафтӣ, Куҷо рафтӣ, ҷавониям? Ҷавониям, куҷо рафтӣ? Куҷо шуд шавқи дарёят? Куҷо шуд ганҷи дунёят? Куҷо шуд ҷони шайдоят? Куҷо шуд доғи савдоят? Ба даргоҳи худо рафтӣ, Чаро аз мо ҷудо рафтӣ? Куҷо рафтӣ, ҷавониям? Ҷавониям, куҷо рафтӣ? Тароват ку? Муҳаббат ку? Садоқат ку? Саодат ку? Зи ғамхорон мурувват ку? Зи бадгӯён маломат ку? Зи ман, эй бевафо, рафтӣ, Зи умрам чун сафо рафтӣ. Куҷо рафтӣ, ҷавониям? Ҷавониям, куҷо рафтӣ? Зи шеърам чун дуо рафтӣ, Зи созам чун наво рафтӣ, Зи чашмам чун зиё рафтӣ, Зи дастам чун сахо рафтӣ. Равою нораво рафтӣ, Сазою носазо рафтӣ.