ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ
Ман ошиқи дарёстам,
Пуршӯру пурсавдостам.
То навбати дунё марост,
Дунёстам, дунёстам.
Ман лоиқи номи худам,
Фарзанди айёми худам.
Бо ҳусни оғозе, ки буд,
Ман ҳусни анҷоми худам.
То он даме, ки ман манам,
Милён сарам, милён танам.
Ман сад ҳазорон ҷону дил
Дар ҷилди як пироҳанам.
Гаҳ таъна бар дунё занам,
Гаҳ рахна бар дилҳо занам.
Гаҳ ҳар чӣ ояд пеши рӯ,
Бефарқ пушти по занам.
Гоҳе сияҳмастӣ кунам,
То шукри ин ҳастӣ кунам.
Дар қуллаи табъи баланд
Эй вой, агар пастӣ кунам.
Гаҳ худшикан, гаҳ бутшикан,
Гаҳ худ ба худ, гаҳ анҷуман.
Гаҳ дар замин, гаҳ дар фалак
Фориғ зи баҳси мову ман –
Ман шоири дилдодаам.
Дар кӯи дил афтодаам.
Гаҳ чун замон печидакор,
Гоҳе чу байти содаам.
Эй, ки намедонӣ маро,
Бо ман макун чуну чаро,
Бе шоиру ошиқ, бидон,
Дунё шавад мотамсаро.
Шоир ба савдояш хуш аст,
Бо ҷони шайдояш хуш аст.
Ҳатто ба наздики худо
Бо бехудиҳояш хуш аст.
Шеърам ниёзи ишқ буд,
Сӯзу гудози ишқ буд.