Пештар,
Пештар,
Дар он замони меҳру ишқ,
Дар замоне, ки замину осмонат
хонаи беназми ман буд,
Эй басо бо занги телфон, бо садои тозаи
зангӯладорат
Ҳар саҳар бедор мекардӣ зи хобам,
Нагзарад то мурдасон аҳди шубобам.
То ту телфон мезадӣ,
Зиндагониям ҳама бедорӣ буд,
Шӯр буд, ошӯб буб, дилдорӣ буд.
Баъд аз он...
Баъд аз он,
Ки замину осмони хештанро ёфтӣ,
Канда шуд сими телефон байни мо.
То дили ман аз ғами ту канда шуд,
Зиндагиям бо ғамат оганда шуд.
Баъд аз он,
Бе садои занги телфонат,
Бе садои тозаи зангӯладорат
Зиндагии ман ҳама хоб аст дигар,
Сӯзҳои ошиқиям нақш дар об аст дигар.
Хонаи ман баъд аз он гӯр аст, он гӯри хамӯш,
Ки ҳазорон бор агар сунъи илоҳӣ ҳам кунӣ,
Ҳеҷ гаҳ занге намеояд ба гӯш...