Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ё шабе дар оғуши ёр,

Ё шабе дар оғуши ёр, Ё шабе аз теғи ағёр, Ё ки бо пои равон бо ҳукми тақдир Ногаҳон дар роҳи ҳамвор, Дар куҷо мемирӣ охир Шоири шӯридахотир? Ё сияҳмасту гаронҷон Дасте андар мӯи печон, Дасте андар рӯи фармон2 вақти шабгир Роҳи Варзобу Харангон... Дар куҷо мемирӣ охир Ошиқи шӯридахотир? Ё шабе аз сактаи дил Аз ғами дил пой дар гил, Ё шитобон ҷониби фардо нафасгир, Ё ба ними роҳи манзил, Дар куҷо мемирӣ охир Лоиқи шӯридахотир?