Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аввали ишқ – осмони баланд,
Аввали ишқ – осмони баланд, Охири ишқ – хоки домангир. Аввали ишқ – орзуҳо гарм, Охири ишқ – орзуҳо пир.
ГИЁҲҲОИ ХУДРӮЙ
Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд, Магар беҳуда мерӯянд? На зеби гулшане ҳастанд, на ҳусни гулистоне, На дар гулдастае баста, на бинҳода ба гулдоне.
Як шабе бехаёл дуздона
Як шабе бехаёл дуздона Маст, ғалтон ба кӯи ту рафтам. Дил як ошуфт, ҳар чӣ бодо бод, Боз дар ҷустуҷӯи ту рафтам.
ПОЙТАХТИ БАХТИ МАН
Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию баҳор, Шаҳри ишқу орзуҳои дилам, Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом Ошиқиҳо, ҷустуҷӯҳои дилам.
ПАХТАЧИНИ ПИР
Дар миёни раддаҳои пахта бо қадди дуто Саҷда меорад заминро ҳамчу даргоҳи худо. Кӯзаи пушташ ба сӯи осмони кӯзапушт Пахта мечинад ба ду дастони шахшӯлу дурушт.
Ишқҳои мурдае дар синаам
Ишқҳои мурдае дар синаам Гоҳ-гаҳ хомӯш исён мекунанд. Гаҳ маро аз хештан розию шод, Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд.
Рӯзгори ошиқии мо гузашт,
Рӯзгори ошиқии мо гузашт, Умри ман чун мӯи ту кӯтоҳ шуд. Мо, ки андар кӯи дил раҳгум задем, Ишқи мо ҳам мисли дил гумроҳ шуд.
ДУОИ БОРОН
Хушксолӣ пеш ояд ҳар замоне, Синаи гардун бихушкад ҳар баҳоре, Ҷои абру ҷои боронҳои найсон Чашми деҳқон мегирист аз интизорӣ:
МЕҲВАРИ ДУНЁ
Ин замин шодоб шуд аз обрӯи Комунист, Ёфт худро оламе аз ҷустуҷӯи Комунист. Чун гули вартоҷ1 , ки рӯ оварад бар офтоб,
ДУ МАСЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ
Қазоро рӯзи равшан ё намози шом Агар дар овринге нобаҳангом Ду масчоҳӣ Зи дунболи ду маркаб –
БАРОИ ФАРДО
Зиндагӣ то ки бардавом бувад, То бувад насли сонӣ бархурдор, Модарон рафтаанд гар сари хишт, Падарон рафтаанд бар сари дор.
ШЕЪРЕ, КИ ХОБ ДИДАМ
Шабонгоҳон чу меафтад ситора Зи базми ахтарони бешумора, Хаёлам, бозмегардад зи парвози фалакгире Ба сӯи ин замин
ВОПАСИН НАФАСИ ХАЙЁМ
Илоҷи дард ҷустан дар ҳама ҳол Зи тибби Бӯалӣ кори наҷиб аст, Вале баҳри ҳакиме мисли Хайём «Шифо»-ро хонда ҷон додан аҷиб аст.
БАРОИ УБАЙД РАҶАБ
Ҳама он пайкара, К-аз баҳри арбобони бузрук мегузоранд, Ҳама санге, ки дар ӯ лавҳи гӯре менигоранд, Зи санги кӯҳсорон аст.
Суруди мавҷдори рӯди Варзоб,
Суруди мавҷдори рӯди Варзоб, Чароғони хаёлангези соҳил. Ҳама мастанд дар бустонсароҳо Ба оби рӯд сар дода ғами дил.
Мардуми деҳ хона месозад ҳама соли дароз
Мардуми деҳ хона месозад ҳама соли дароз Дар гумонаш хонаи нав оварад иқболи нав. Гарчи обод аст хона, айб меёбад дар ӯ, Меканад девори куҳна, мезанад деволи на
Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ,
Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ, Ки аз фасли ҷавонии шумо ниме ба ғафлат рафт, Ки аз ганҷинаи умри шумо ниме ба ғорат рафт, Ки дуздоне ба номи Ишқу Шеъру Орзуи
Сангро бардоштан душвортар
Сангро бардоштан душвортар З-он ки андар варта ғелон кардаӣ. Шеърро иқрор кардан сахттар З-он ки инкораш кунӣ бепардае.
Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр,
Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр, Бо дилнигаронӣ ба қафо менигарам боз. Лахте дилу ҷон бурда зи ман умри гузашта, Бар умри хаторафта хато менигарам боз.
Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ,
Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ, Бикун боре ба ман мушкилкушоӣ. Маро як умри бемарге ато кун, Ба ман омӯз расми бефаноӣ.
Чу ман ҳам одамизодам,
Чу ман ҳам одамизодам, Гаҳе ҷамъу гаҳ ошуфта Ба роҳи умру шеъру ишқ Хатоҳое зи ман рафта.
Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ
Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ Садои ошнои ошноҳо. Ба гӯшам мерасад шабҳо зи куҳсор Фиғони рӯдҳо дар тангноҳо.
Замони беғубори баччагиям
Замони беғубори баччагиям Аҷаб ғамхорҳое доштам ман. Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болишт Аҷаб тӯморҳое доштам ман.
Сабзаи сӯхтаи манзараҳо,
Сабзаи сӯхтаи манзараҳо, Пояи хушки алафҳои кабуд. Ё худо, дар бари кӯҳу дараҳо Дина айёми ҷавоним набуд?
Чун бубинам, ки сарфарозонро
Чун бубинам, ки сарфарозонро Зиндагӣ зердасти худ кардаст, Ноаён бекаманду безанҷир Ходими пойбасти худ кардаст;

