Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ДУ МАСЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ

Қазоро рӯзи равшан ё намози шом Агар дар овринге нобаҳангом Ду масчоҳӣ Зи дунболи ду маркаб – Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ меомаданд, Агар имкони вопас рафтани маркаб намебуд, Хару бори касе беқадртар бошад, ба ҷанҷоле наарзад, Ба дарё, ё ба варта мефиканданд аз сари мардӣ, Ки то бору хари боқадртар осон гузар созад... Чӣ ҳикмат дорад ин ҳиммат? Нафаҳмидед?...