БАРОИ УБАЙД РАҶАБ
Ҳама он пайкара,
К-аз баҳри арбобони бузрук мегузоранд,
Ҳама санге, ки дар ӯ лавҳи гӯре менигоранд,
Зи санги кӯҳсорон аст.
Ҳама санге,
К-аз онҳо сангҳои осиё созанд,
Ҳама санге,
К-аз онҳо пойбасти қасрҳову кӯшкҳо созанд,
Зи санги кӯҳсорон аст.
Таманно дорам аз кӯҳсор, –
Эй кош!
Ки рӯзе бигзарам аз дори дунё,
Ба ҳаққи он ҳама дилгармию дилнармии мо
Ба рӯи гӯри мо
Як пора санги хешро арзанда донад...