Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аввали ишқ – осмони баланд,

Аввали ишқ – осмони баланд, Охири ишқ – хоки домангир. Аввали ишқ – орзуҳо гарм, Охири ишқ – орзуҳо пир. Аввали ишқ – даст бар гардан, Охири ишқ – дастудилшӯӣ. Аввали ишқ – рӯ ба рӯи ёр, Охири ишқ – рӯ ба берӯӣ. Аввали ишқ – гул ба кокулҳо, Охири ишқ – мушти хору хас. Аввали ишқ – соҳиби дунё, Охири ишқ – мурдаи бекас. Аввали ишқ – лофи мардона, Охири ишқ – туҳмати номард. Аввали ишқ – синаи пуршӯр, Охири ишқ – синаи пурдард. Аввали ишқ – бӯсаи ширин, Охири ишқ – талху шӯриҳо. Аввали ишқ – нашъаи дидор, Охири ишқ – заҳри дуриҳо. Аввали ишқ – гулфишони баҳор, Охири ишқ – баргрезиҳост. Аввали ишқ – аввали дунё, Охири ишқ – охири дунёст!