Ҳайф шуд, ҳайф шуд ҷавонии ту
Ҳайф шуд, ҳайф шуд ҷавонии ту
Аз фиреби муҳаббату ошиқ.
Аз дурӯғу маломату бӯҳтон,
Аз қасамҳои ёри нолоиқ.
Ошиқат дар либоси раҳзан буд,
Омаду бурд эътиқодатро.
Омаду ҷумларо ба толон бурд
Сарвати дил, дили кушодатро.
Баъд аз он зиндагоният гӯё
Монд дар нимароҳ бераҳбар.
Бар ягон кас надорӣ ихлосе,
Бар муҳаббат намекунӣ бовар.
Лек қарз аст зиндагӣ кардан,
Чун таваллуд шудем дар дунё!
Ҳар нафас бояд офарид аз нав
Хешро дар ҷаҳони пурсавдо.
Гар чароғе бимурд ними шаб
Зиндагӣ тирашаб нахоҳад шуд.
Аз шамоле шикаст гар шохе,
Нахл аз решааш нахоҳад мурд.
Шӯр не оби ҷумла дарёҳо,
З-одами хуб даҳр холӣ нест.
Гар яке сол хушксолӣ шуд,
Ҳама сол умр хушксолӣ нест.
Зиндагӣ гарчи нобасомон аст,
Боз бояд биҷуст сомоне.
Ҳар чӣ гум кардаӣ, намеёбӣ,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, зудпайдо не.
Гар замин пасту осмон дур аст,
Бояд аз фарш сар ба арш афрохт.
Ҳар нафас аз дигар шуда тавлид,
Зиндагиро зи нав бубояд сохт!