Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи чист тафриқаи мавлавӣ зи ҷамъи кутуб,
Зи чист тафриқаи мавлавӣ зи ҷамъи кутуб, Чӣ суд ҷамъи кутуб, чун накард рафъи ҳуҷуб. Чу ҳаст ҳар варақе з-он кутуб ҳиҷоби дигар, Ба чашми мо ҳуҷуби ту ба туст ҳ
Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо,
Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо, Агар ҷонам равад, гӯ, рав, бақои ҷони ӯ бодо. Агар фармон диҳад хатташ ба хунрези вафодорон, Чу хонад, ҷумларо с
Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо,
Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо, Зи хайли ҳусн шоҳе бошад он ҷо. Қабо гардад ҳазорон хирқа ҳар ҷой, Ки чун ту каҷкулоҳе бошад он ҷо.
Накарда қайди ғизоле гиреҳкушоии мо,
Накарда қайди ғизоле гиреҳкушоии мо, Гиреҳ зи дил накушояд ғазалсароии мо. Фурӯғи базми сухан з-оташи дил аст, оре Зи ошноии ишқ аст рӯшноии мо.
Ниҳоли қадди ту, к-омад асои пирии мо,
Ниҳоли қадди ту, к-омад асои пирии мо, Бар остон, ки макаш сар зи дастгирии мо. Туро, ки дида зи ҷоҳу ҷамоли хеш пур аст, Чӣ илтифот ба мискиниву фақирии мо!
Суруди маҷлиси дард аст оҳу нолаи мо,
Суруди маҷлиси дард аст оҳу нолаи мо, Ҳубоби хуни ҷигар, лола кун пиёлаи мо. Ба базми васл чу шамъем бо ту ҳарфзанон, Ба равған аст фитода зи ту наволаи мо.
Эй парирух, марав аз хонаи мо,
Эй парирух, марав аз хонаи мо, Раҳм кун бар дили девонаи мо. Дар ғами ишқи ту афсона шудем, Бинишин, гӯш кун афсонаи мо.
То дидаам чу гулбӯтаи пераҳан туро,
То дидаам чу гулбӯтаи пераҳан туро, Гулбарги тоза хондаам аз лутфи тан туро. Аз тору пуд ранҷа шавад нозанин танат, Беҳ, гар кунанд ҷома зи барги суман туро.
На кӯйи дӯст ҳавои чаман гузошт маро,
На кӯйи дӯст ҳавои чаман гузошт маро, На ёди ӯ ҳаваси анҷуман гузошт маро. Рабуда буд зи ман ёри ман маро, ё Раб, Чӣ ҷурм рафт, ки дигар ба ман гузошт маро?
Куштаи ханҷари ишқ аст дили зиндаи мо,
Куштаи ханҷари ишқ аст дили зиндаи мо, Ғарқи ҷамъияти ӯ вақти парокандаи мо. Бахя бар васлаи пайванди касон кам задаем, Дасти таҷрид бувад бахякаши зиндаи мо.
Рӯбоҳ ва паланг
Буд набуд як паланге Бо як рӯбоҳи ланге, Дар як беша ҷо доштанд, Бо ҳам муросо доштанд.
ҲАДАФИ УМР
Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф аст, Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф аст. Ватани ман ватани шеъру суруди азалист, Ватани ман ватани ишқу диёри ш
ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт, Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт. Ҷавшанаш буд ин забону Меҳанаш буд ин забон, Ин забонро чун тавоне дар
ТОҶИКИСТОНРО МАКУН ҚИСМАТ
(Хитоб ба маҳалгароён) Тоҷикистонро дигар қисмат макун, Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон, Модареро чун тавон қисмат намуд,
Сухан аз истиқлол
Сухан аз истиқлол сухан аз бедорист, Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст, Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст, Сухан аз истиқлол сухан аз озодист.
Суруди ватан
Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт, Гуфтам: “Ватан”, чу гул ба лабонам сухан шукуфт. Гуфтам: “Ватан, Ватан”, ҳама дашту даман шукуфт, Уммеди ман,
ИСТИҚЛОЛИ МО
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем, Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем. Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем, Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зисте
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Соли нави таҳсил муборак!
Эй насли хушбахти замон, Фарзандҳои меҳрубон. Бодо муборак бар шумо, Соли нави таҳсилатон!
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Сулҳ
Хонаи умеди дунё кишварам, Кишвари паҳновару бахтоварам, З-ин саодат сар ба гардунҳо барам, Ҳофизи озодии баҳру барам.
Сулҳ
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, Равнақу шодию барор оварад. Сулҳ бувад шаршараи ҷӯйи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Шаҳри азизам
Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман, Наравад ишқи ту дур аз сари ман. Ман зи айёми ҷавонӣ ба барат Ёфтам нашъунамо чун писарат.
Баргҳои тиллоӣ
Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд, Сурхрӯ гӯё ки аз бойӣ шуданд. Лек аз сайри шамоли тирамоҳ Зери по афтода, ҳарҷойӣ шуданд.
Хони эҳсон
Бо ханда рӯйи худ тофт Хуршеди тирамоҳон. Тасвири дигаре ёфт Маҳбуб Тоҷикистон.


