Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зи чист тафриқаи мавлавӣ зи ҷамъи кутуб,

Зи чист тафриқаи мавлавӣ зи ҷамъи кутуб, Чӣ суд ҷамъи кутуб, чун накард рафъи ҳуҷуб. Чу ҳаст ҳар варақе з-он кутуб ҳиҷоби дигар, Ба чашми мо ҳуҷуби ту ба туст ҳамчу суҳуб. Ба Мисри ишқу ҳиҷобат куҷо азиз шавӣ, Нараста Юсуфи ҷони ту аз ғиёбаи ҷуб. Ба ишқ кӯ, чу ориф шудӣ ба сирри ҷамол, Ки орифон ҳама луббанду ошиқон луби луб. Талаб макун хабари баҳриёну баҳр аз ман, Ки дур буд маро мавҷхези луҷҷаи ҳуб. Миоди ҷони ту, Ҷомӣ, зи сурату маънӣ Ба ғайри ишқ набошад «фа сир алайҳив туб»9. 9 Бирав ба сӯйи вай ва тавба кун