Ниҳоли қадди ту, к-омад асои пирии мо,
Ниҳоли қадди ту, к-омад асои пирии мо,
Бар остон, ки макаш сар зи дастгирии мо.
Туро, ки дида зи ҷоҳу ҷамоли хеш пур аст,
Чӣ илтифот ба мискиниву фақирии мо!
Ту офтоби баландиву чу мо зарра ҳақир,
Бувад баландии қадри ту аз ҳақирии мо.
Ба меҳри рӯи ту гаштем шоҳи кишвари ишқ,
Куҷо ба ақл расад мансаби вазирии мо?
Асири банди фироқем, меҳрбонӣ ку?
Ки бо ту шарҳ кунад меҳнати асирии мо.
Надидаем ҷуз ин сурхрӯӣ аз дида,
Ки ёфт ранги рақам чеҳраи заририи мо.
Ҷарида рав, ки гузир аст Ҷомӣ аз ҳама чиз,
Ҳамин зи давлати ишқ аст ногузирии мо.