Суруди маҷлиси дард аст оҳу нолаи мо,
Суруди маҷлиси дард аст оҳу нолаи мо,
Ҳубоби хуни ҷигар, лола кун пиёлаи мо.
Ба базми васл чу шамъем бо ту ҳарфзанон,
Ба равған аст фитода зи ту наволаи мо.
Ба боғ чанд тамошои сарву лола кунем,
Қади ту сарв басу орази ту лолаи мо.
Фусурда бар рухи мо ашкҳост аз дами сард,
Мабод офати барги гули ту жолаи мо.
Ба гирди Каъба чӣ гардем, чун нашуд зи аҷал
Ба ҷуз ҳаволии дайри муғон ҳаволаи мо.
Куҳан қаболаи риндист далқи мо, ки заданд
Зи доғи хирқа бутон меҳр бар қаболаи мо.
Ба пеши назми ту, Ҷомӣ, зи насри худ хиҷилам,
Зи нӯги килки ту як ҳарф сад рисолаи мо.