Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд, Аммо шабу рӯз дилбарон месӯзанд. Дар арсаи ишқ ҳеҷ мағлубе нест, Ошиқ агаранд, ҳар ду ҳам пирӯзанд.
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош, Якранг ту чандӣ, ки дигаргун ҳам бош! Хоҳӣ, ки хирад бувад мададгор туро, Суқротӣ агар, як зар(р)а Маҷнун ҳам бош!
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум, В-асло нарасад мардумӣ аз номардум. Пеши паси зиштон накунад фарқ, ки мор Заҳраш ба даҳон дораду каждум дар дум.
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб, Гар тоби итобат набувад, созад итоб. Дарё зи сари мо бигузашту хамушем, Фарёди шумост маҳзи як қатраи об?!
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам, Ором раҳо мешавад аз ғуссаву ғам. Он гаҳ, ки шавад ба бомдодон бедор, Эй кош, ки бедор шавад бахташ ҳам.
Ман аз азал омада, абад мехоҳам
Ман аз азал омада, абад мехоҳам, Некӣ ба авом беадад мехоҳам. Ҳоҷат набарам ба Қайсару бар Доро, Аз ҳикмати Суқрот мадад мехоҳам.
Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт
Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт, В-ин лаб, ки кунад ба бӯсае олам маст, В-ин зулфи парешон, ки диҳад даҳр ба бод, Гар бар қалам орӣ, мутаолӣ шеър аст.
Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад
Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад, Ҳар лаҳза ба ишқи дигарам мебинад. Оё ба қалам ҳусни ту тасвир шавад, Он сон, ки варо чашми сарам мебинад?!
Ин шохаи гул, ки зебиши ҳар чаман аст
Ин шохаи гул, ки зебиши ҳар чаман аст, Гарчист гулафшон, на чу ту гулбадан аст. Чашмак задамат, ки, ёр, аз туст ҷавоб, Чун посухи ҳар ситора чашмак задан аст.
Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб
Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб, То пӯшӣ анори лабу рӯйи чу гулоб. Донӣ, ки ҳазору анд соле з-ин пеш, Момои ту зист бо рухи бозу савоб?!
Ҳар домани тар хушк барояд аз об
Ҳар домани тар хушк барояд аз об, Ку фарқи савобу гунаҳ акнун, дарёб! Аз гардиши дунё-т бигардам, ки Худо, Он ҳар чи гунаҳ буд, шуд имрӯз савоб.
Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб
Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб, Аз чеҳра, ки шаб ханда занад бар маҳтоб. Он гаҳ ки дар ойина ту рух мебинӣ, Дил бошад агар ойинаро, мешавад об.
Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон
Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон, То ҳаст зи одамӣ варо ному нишон. Мардӣ набувад дона зи мӯре бурдан, Мардӣ ту агар, луқма зи шере биситон.
Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам
Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам, Шояд ки пагаҳ ба хоки тар омезам. Ҳоло ки маро мағз бувад дар дилу ҷон, Як дона ба хок афтаму сад сар хезам.
Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт
Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт, Он гаҳ ки маро сухан ба ҳақ мешуд ҷуфт. Ман сидқи ният аз қалам омӯхтаам, К-он сар ба буриш доду вале ҳарфаш гуфт.
Мардуми тоҷик дорад ошён дар кӯҳсор
Мардуми тоҷик дорад ошён дар кӯҳсор, Кӯҳ бар ҳастии ӯ умре асар бинмудааст. Маънии тоҷик бошад мардумони тоҷдор, Кӯҳсори хешро ӯ тоҷи сар бинмудааст.
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ,
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ, Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд. Ҳар куҷо ки буд Турсунзода Мирзо, халқ буд, Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсун
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ, Ҳам қимати қомати расоям будӣ. З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман, Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ, Дунё баумед асту умедам додӣ. То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ, Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро
Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро? Дар чорсуи азоб раҳ додӣ маро? Аз синаи гарми хеш берун кардӣ, Дар синаи сарди хок бинҳодӣ маро.
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд, Фазоеро паи парвоз доданд, Чу моро модарон зоданд рӯзе, Заминро ҳамчу пойандоз доданд
Аё модар, мадори ман ту будӣ
Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
Аё модар, ба қурбони ту мирам
Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман? Сарафрозӣ ба олам, додари ман? Замин то осмон розиям аз ту, Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?