Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал

👁 19

Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал, Ки чобукиш наёяд ҳаме ба лафз падид. Асоси табъ бапояст, бал қавитар аз он, Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монид.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Анде, ки амири мо бозояд пирӯз

👁 17

Анде, ки амири мо бозояд пирӯз, Мард аз паси дидан-ш раво бошаду шояд. Пиндошт ҳаме хосид, к-ӯ бознаёяд, Бозомад, то ҳар шафақе жож нахояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд

👁 19

Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд, Мардум миёни дарё в-оташ чӣ гуна пояд?! Яшки наҳанг дорад, дилро ҳаме хасояд, Надҳам, ки ногуворад, к-эдун на хӯрд хояд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд

👁 25

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд, Ҳоли шодист, шод бошӣ, шояд. Андуҳу андешаро дароз чӣ дорӣ? Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ

👁 19

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ Дар ҳастию нестӣ лаъиманд? Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ, Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Низ, аб некувон чанг намояд-т фанд

👁 29

Низ, аб некувон чанг намояд-т фанд, Лашкари фарёд не, хоста не судманд. Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд, Ҳарчи ба охир беҳ аст, ҷони туро, он писанд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зулфи туро ҷим кӣ кард? Он ки ӯ

👁 29

Зулфи туро ҷим кӣ кард? Он ки ӯ Холи туро нуқтаи он ҷим кард. В-он даҳани танги ту гӯйӣ касе, Донагаке нор ба ду ним кард!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун баччаи кабӯтар минкор сахт кард

👁 24

Чун баччаи кабӯтар минкор сахт кард, Ҳамвор кард парру бияфганд мӯйи зард. Кобукро нахоҳаду шох орзу кунад В-аз шох сӯйи бом шавад боз гирдгард.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳотами Тойӣ туй андар сахо

👁 30

Ҳотами Тойӣ туй андар сахо, Рустами Дастон туй андар набард. Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род, Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест

👁 29

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест, Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест. Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ, Пас аз шоҳӣ, гадоӣ маслиҳат нест.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам

👁 19

Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам, Кард қазои дил маро ошиқи кафзанони ту.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар киро бо ту кор даргирад

👁 13

Ҳар киро бо ту кор даргирад, Баҳра аз рӯзгор баргирад. Ба сухан лаб зи ҳам чу бикшоӣ, Ҳама рӯйи замин шакар гирад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадуҳ

👁 24

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадӯх, Бо ду рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх. Остин бигрифтамаш, гуфтам: «Ба меҳмони ман ой», Мар маро гуфтӣ ба тозӣ:

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ

👁 17

Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ, К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ. Неки ӯро фасона дору шуд, Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Охири ҳар кас аз ду берун нест

👁 21

Охири ҳар кас аз ду берун нест, Ё бар озурданист, ё заданист. На ба охир ҳама бифарсояд? Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Он саҳни чаман, ки аз дами дай

👁 30

Он саҳни чаман, ки аз дами дай Гуфтӣ думи гург ё паланг аст, Акнун зи баҳори монавитабъ Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст...

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба хира сар шумарад серхӯрда гурсунаро

👁 21

Ба хира сар шумарад серхӯрда гуруснаро, Чунонки дарди касон бар дигар касе хор аст. Чу пӯсти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон, Бидон, ки туҳмати ӯ дунбаи ба шудгор а

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт

👁 15

Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт, Хештани хешро бикуш ту як лахт. Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пашемон, Ҳар кӣ бихурду бидод, аз он чӣ биялфахт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам

👁 30

Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам, Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро. Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон, Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷо

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бар кори сухан он ки гирифтор шавад

👁 22

Бар кори сухан он ки гирифтор шавад, Як лаҳза на дар пайи дигар кор шавад. Шоир ҳама шаб хун хураду гӯяд шеър, То насли башар ба ҳамдигар ёр шавад.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Фарқ аст миёни башару ҳайвоне

👁 28

Фарқ аст миёни башару ҳайвоне, Гарчи набувад ҳар башаре инсоне. Шоистагиат дор нигаҳ, чун ту фақат Дар даҳр ба шоистагиат инсонӣ.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан

👁 18

Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан, Ларзад, ки расид аҷал барои бурдан. Оне, ки ҳаёташ ба ҷаҳон меарзад, Як зарра ҳаросаш набувад аз мурдан.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд

👁 20

Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд, Номарду лаин вале ҷаҳон пур карданд. Гар халқ даруни ҳамдигарро бинанд, Аз бим чу аз гург гурезон гарданд.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем

👁 16

Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем, Додем зи каф яку куҷо сад бошем. Мо нақд нахоҳем шунидан ҳаргиз, Аммо ҳама хоҳони хушомад бошем.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ

👁 20

Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ, Доро нашавӣ, гар ба гадое нарасӣ. Ҷуз бихрадиат ба ҳар амал боз каме Девона набошӣ, ту ба ҷое нарасӣ.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким
Саҳифаи 26 аз 39