Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Аё модар, ба қурбони ту мирам

👁 86

Аё модар, ба қурбони ту мирам, Чу муҳри меҳри паймони ту мирам. Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор, Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ

👁 71

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман

👁 59

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман? Сарафрозӣ ба олам, додари ман? Замин то осмон розиям аз ту, Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

👁 69

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ, эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан, Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар

👁 120

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Сари гӯри ту биншастам даме чанд

👁 51

Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дареғо, модари пирам, дареғо

👁 57

Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир, Кунун бе ту замингирам, дареғо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам

👁 66

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман

👁 43

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, Худои умри ман, пайғамбари ман. Сарам дар бистари марг аст имрӯз Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Диламро дар кафат додам, надидӣ

👁 52

Диламро дар кафат додам, надидӣ, Гулистон ҳадяат кардам, начидӣ. Пас аз он, ки баҳори ман хазон шуд, Чу бод андар хазони ман вазидӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Паси дунё давидему давидем

👁 60

Паси дунё давидему давидем, Ғами дунё кашидему кашидем. Ба поёни раҳи сарманзили умр Ба гӯристон расидему расидем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!

👁 50

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик! Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик! Туро дунё чунин озурда кардаст, Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ

👁 48

Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ? Куҷоӣ, Моҳу Парвинам, куҷоӣ? Туро гум карда будам рӯзи равшан, Кунун дар хоб мебинам, куҷоӣ?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Худоё, эй худоё, эй худоё

👁 63

Худоё, эй худоё, эй худоё, Макун ёри маро аз ман ҷудоё. Сурудам дар гулӯ чун мор печад, Агар ёре набошад ҳамсадоё.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод

👁 41

Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод, Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод! Валекин аз хиёнатҳои ёрон Диле чун бишканад, фарёду фарёд!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост

👁 40

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост, Бар ҳукми худо маломати халқ чарост? В-ар неку бадӣ банда ба тақдири худост, Пас рӯзи пасин ҳисоб бар банда чарост.

Умари Хайём
Умари Хайём

Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест

👁 36

Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву ҷамест. Аҳволи чаҳону мулки гетӣ яксар, Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт

👁 39

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт, В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт. Бингар, ки чӣ мекунӣ ту бо халқи худой, Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст

👁 35

Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст, Бе замзамаи нойи ироқӣ ҳеҷ аст. Ҳарчанд дар аҳволи ҷаҳон менигарам, Ҳосил ҳама ишрат аст, боқӣ ҳеҷ аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Давре, ки дар у омадану рафтани мост

👁 57

Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост, Онро на бидоят на ниҳоят пайдост, Касс ҳеҷ нагуфта андар ин маънӣ рост, К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷо.

Умари Хайём
Умари Хайём

Дунё на мақоместу на ҷои нишаст

👁 19

Дунё на мақоместу на ҷои нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст, Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З-он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Андеша макун, ки матраҳат хоҳам кард

👁 32

Андеша макун, ки матраҳат хоҳам кард, Якбора зи мақсад огаҳат хоҳам кард. Бисёр дарози бад кашидӣ худро, Эй ӯ-и дароз кутаҳат хоҳам кард.

Меҳровари Масчоҳӣ
Меҳровари Масчоҳӣ

Бинвис фақат ба хомаи сабзи баҳор

👁 23

Бинвис фақат ба хомаи сабзи баҳор, Бифрист ба ман ту номаи сабзи баҳор. Чандест, шамидаам Гули наврӯзӣ, Ман бӯи туро зи ҷомаи сабзи баҳор.

Меҳровари Масчоҳӣ
Меҳровари Масчоҳӣ

Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро

👁 28

Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро. Бар давлати у ниҳад дил аз баҳри Худо? Ҳар гоҳ ки хоҳад, нишинанд бар ҷой, Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ

👁 30

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ, Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ. В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун, Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 28 аз 39