Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шабу рӯз
Эй ганҷи зи каф рафтаи инсон шабу рӯз. Чун номаи гумгаштаи ёрон шабу руз. Ду мисраи тазоди китоби умранд, Чун хотирн н-осуда парешон шабу рӯз.
Ҳар гӯр хамӯш аммо сухан мегуяд
Ҳар гӯр хамӯш аммо сухан мегуяд, Ҳар зарраи у атри кафан мебуяд. Айеми гулу сабза расад хар соле. Борони баҳорӣ хасраташро шуяд.
Аз батни вуҷуд омадаем оҳ ба лаб
Аз батни вучуд омадаем оҳ ба лаб, Гаҳ чеҳри сахар дидам гаҳ гунаи шаб. Гаҳвори замин хамеша дар ҷунбиш буд, Ё дасти ғаме ҷунбонд ё дасти тараб.
Чист?
Хастию набуди хазрати Одам чист? Темору нишоти хонаи олам чист? Як лаҳза падид омадани мо роз аст. Асрори падид омадани ин дам чист?
Ту чун моҳию ман моҳӣ ҳамесӯзам ба тоба-бар
Ту чун моҳию ман моҳӣ ҳамесӯзам ба тоба-бар, Ғами ишқат на пас бошад, ҷафо бинҳодӣ аз бар – бар. Танам чун чанбаре гашта, бад-он умед то рӯзе, Зи зулфат барфита
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд, В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд. Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо, Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.
Фишонд аз савсану гул симу зар бод
Фишонд аз савсану гул симу зар бод, Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод! Бидод аз нақши Озар сад нишон об, Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Гул
Гул бар сарам неҳу рангам бин, Шамшер ба дастам деҳу ҷангам бин. Ҳамчу танбур ишками холӣ дорам, Нон ба дастам деҳу оҳангам бин.
Гоҳо зи сари ғурури савдогари хеш
Гоҳо зи сари ғурури савдогари хеш Аз ёд барем раҳбару ёвари хеш. Чун кӯдаки нотавон барорад дандон, Бинӣ, ки газид синаи модари хеш.
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро, Чангат ба усули чап сарояд ҳамаро. Чанги ту ба чанги зулфи хубон монад, З-он рӯй шикастанаш хуш ояд ҳамаро.
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро, Хони карами Худо муҳайёст маро. Ҳалво чу зағора буд дар суфраи мо, Имрӯз ҳамон зағора ҳалвост маро.
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир Ҳофизе бояд, ки мо сурночием. Чун Ҳамиди гурба ин маънӣ шунид, Аз миён барҷасту гуфто мо чием?
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре, Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд. Зи ашки сурху рухи зард чун зиям бе ғам, Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод?
То зулфи раҳзани ту зи анбар каманд кард
То зулфи раҳзани ту зи анбар каманд кард, Машшотааш гирифт ба дуздиву банд кард. Дилро ғамат ба иллати қалбӣ намехарид, Лекин чу дид доғи ту бар вай, писанд кар
Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ
Паҳлавони фуқоӣ ар ногоҳ Зери ях рафту дод ҷони нафис. Писарашро бигӯ: Ба гӯри падар Баррадаллоҳу мазҷаъа бинавис!
Баҳри ёрон амирзодаи мо
Баҳри ёрон амирзодаи мо Гӯспанде харид фарбеҳу хуш. Зуд боварчиёни матбахи вай, Гӯ, сипанд афкананд дар оташ.
Буд вақте Камоли Исмоил
Буд вақте Камоли Исмоил Шарафи рӯзгори аҳли сухан. Ба камоли ту дар сухан, к-имрӯз Он Камол ин шараф надошт, ки ман.
Ба най гуфт дар хонақаҳ сӯфие
Ба най гуфт дар хонақаҳ сӯфие, Ки доранд ҷамъе ба бонгат ҳавас. Най ангушт бар дида бинҳоду гуфт: Камар бастаам дар қабули нафас.
Ба маҷмаъе, ки даф аз қавли хеш мезад лоф
Ба маҷмаъе, ки даф аз қавли хеш мезад лоф, Ҷавоб дод, наяш дар нафас ба бонги баланд, Ки дар баробари ман, эй фарохи чанбарпӯш, Зи лутфи лофзанӣ тан зану ба таб
Ба мо он сӯфии бубридабинӣ
Ба мо он сӯфии бубридабинӣ Ба ғайр аз аҷзу мискинӣ надорад. Нашояд ҷурми худбинӣ бар ӯ баст, Ки он бечора худ бинӣ надорад.
Бар сари бемӯ Ҳисоми Хилватиро ҳар кӣ зад
Бар сари бемӯ Ҳисоми Хилватиро ҳар кӣ зад, Ҳақ ба дасти ӯст, гар фарёду афғон мекунад. Чун сараш зери кулоҳи бахя аз гармӣ бисӯхт, Бар мисоли косаи нав бонги пи
Ба роҳи гарми Бағдод Ибни Салмон
Ба роҳи гарми Бағдод Ибни Салмон Дар он ҳолат, ки аз ҷон мебуридӣ. Набудаш, гӯиё, шеъри падар ёд, Ки хондӣ он даму бар худ дамидӣ.
Бо ман он турки камонабрӯ гуфт
Бо ман он турки камонабрӯ гуфт Пеши чашмаш ба забони туркӣ: Гар туро куштаам, он зинда бубин Дар миёни ду камони туркӣ.
