Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Робиаи Балхӣ
Робиаи Балхӣ

Фишонд аз савсану гул симу зар бод

Фишонд аз савсану гул симу зар бод, Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод! Бидод аз нақши Озар сад нишон об, Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод. Мисоли чашми Одам шуд магар абр, Далели лутфи Исо шуд магар бод. Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр, Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод. Агар девона абр омад, чаро пас Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод? Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод. Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод. Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб, Чаро афганд гулро дар саҳар бод?