Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон803Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум22Аскар Ҳаким17Абдулқодири Бедил15Гулчеҳра Сулаймонӣ14Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Эраҷ Шокирӣ2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Шарифҷон Махдум Садри Зиё1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме

👁 28

Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме, Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?! Магар як су афкан, ки худ ҳамчунин Биандешу дидаи хирад баргумор.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гар ки бо пешёр бинмойӣ

👁 34

Гар ки бо пешёр бинмойӣ, Дили ту хуш кунад ба хушгуфтор. Бод якчанд бар ту паймояд, Анд, к-уро раво шавад бозор.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нигорино, шунидаам, ки гоҳи меҳнату роҳат

👁 33

Нигорино, шунидаам, ки гоҳи меҳнату роҳат Се пираҳан талаб будааст Юсуфро ба умр-андар: Яке аз қайд шуд пурхуни, дувум шуд чок аз туҳмат, Савум Яъқубро аз бӯй р

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал

👁 39

Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал, Ки чобукиш наёяд ҳаме ба лафз падид. Асоси табъ бапояст, бал қавитар аз он, Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монид.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Анде, ки амири мо бозояд пирӯз

👁 28

Анде, ки амири мо бозояд пирӯз, Мард аз паси дидан-ш раво бошаду шояд. Пиндошт ҳаме хосид, к-ӯ бознаёяд, Бозомад, то ҳар шафақе жож нахояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май орад шарафи мард ме падид

👁 68

Май орад шарафи мард ме падид, Озоданижод аз дирамхарид. Май озода падид орад аз бадасл, Фаровон ҳунар аст андар ин набид!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Киро лабони ту бояд, шакар чӣ суд кунад?

👁 41

Киро лабони ту бояд, шакар чӣ суд кунад? Ба ҷойи меҳри ту меҳри дигар чӣ суд кунад? Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар; Киро муояна ояд, хабар чӣ суд кунад?

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сарсари ҳиҷри ту, ай сарви баланд

👁 38

Сарсари ҳиҷри ту, ай сарви баланд, Решаи умри ман аз бех биканд! Пас чаро бастаи ӯям ҳама умр, Агар он зулфи дуто нест каманд?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Малико, ҷашни Меҳргон омад

👁 84

Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад! Хаз ба ҷойи мулҳам ҳар гоҳ Бадали боғу бустон омад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Фириштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад

👁 47

Фириштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад, Чу аз латофати май дилбарам лабон лесад. Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун, Нисоли тири ту гар қабзаи камон лесад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зулфи туро ҷим кӣ кард? Он ки ӯ

👁 55

Зулфи туро ҷим кӣ кард? Он ки ӯ Холи туро нуқтаи он ҷим кард. В-он даҳани танги ту гӯйӣ касе, Донагаке нор ба ду ним кард!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чун баччаи кабӯтар минкор сахт кард

👁 52

Чун баччаи кабӯтар минкор сахт кард, Ҳамвор кард парру бияфганд мӯйи зард. Кобукро нахоҳаду шох орзу кунад В-аз шох сӯйи бом шавад боз гирдгард.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳотами Тойӣ туй андар сахо

👁 60

Ҳотами Тойӣ туй андар сахо, Рустами Дастон туй андар набард. Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род, Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон

👁 32

Ай рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон, В-ай мӯйи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад! Ай ман муқаддам аз ҳама унсурнок, чун туй, Мар ҳуснро муқаддам чунон аз калом қ

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадуҳ

👁 54

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадӯх, Бо ду рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх. Остин бигрифтамаш, гуфтам: «Ба меҳмони ман ой», Мар маро гуфтӣ ба тозӣ:

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Охири ҳар кас аз ду берун нест

👁 50

Охири ҳар кас аз ду берун нест, Ё бар озурданист, ё заданист. На ба охир ҳама бифарсояд? Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба хира сар шумарад серхӯрда гурсунаро

👁 52

Ба хира сар шумарад серхӯрда гуруснаро, Чунонки дарди касон бар дигар касе хор аст. Чу пӯсти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон, Бидон, ки туҳмати ӯ дунбаи ба шудгор а

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба саройи сипанҷ меҳмонро

👁 48

Ба саройи сипанҷ меҳмонро, Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост. Зери хок андарун-т бояд хуфт, Гарчи акнун-т хоб бар дебост.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт

👁 51

Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт, Хештани хешро бикуш ту як лахт. Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пашемон, Ҳар кӣ бихурду бидод, аз он чӣ биялфахт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ

👁 113

Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ! Бо хотири хурраму дили шод бизӣ! Вайронии худ мангару ободии даҳр, Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост

👁 101

Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост. Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд, То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро

👁 94

Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро, Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро. В-ин фажаҳ пир зи баҳри ту маро хор гирифт, Бираҳонод аз ӯ Эзиди ҷаббор маро!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон

👁 103

Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон, Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро! На позер бояд туро, на сутун, На девори хишту на з-оҳан даро!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс

👁 100

Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс, Бонгак барбурда бар абр-андаро. Чодараке дидам рангин бар ӯ, Ранг басе гуна бар он чодаро.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро

👁 160

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро, Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро. Қасам бар он дили оҳан хурам, ки аз сахтӣ Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро,

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Саҳифаи 2 аз 3