Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам,
То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам, Аз сӯхтану сохтан ором нагирам. Бас бо дили равшан бифурӯзам дили шабҳо, То домани субҳе зи паи шом нагирам.
Дастони пир ҷуз ба асое намерасад,
Дастони пир ҷуз ба асое намерасад, Фарёди ӯ ба гӯши худое намерасад. Об аз сараш гузаштаву тоб аз дилаш чунон, К-охир ба ғайри гӯр ба ҷое намерасад.
Чу марди роҳаму раҳдон, ба манзил
Чу марди роҳаму раҳдон, ба манзил мерасам рӯзе, Аз ин дунёи пуртӯфон ба соҳил мерасам рӯзе. Басо дидам, ки дар хуне намонда заррае ғайрат,
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад,
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад, Бо ғами дунё бисӯзам, то дилам дунё шавад. Дурии гардун биҷӯям, то шавам наздики дил, Вусъати саҳро бихоҳам, сафҳаам
Ошиқи рӯи сафеду чашми тобони туам,
Ошиқи рӯи сафеду чашми тобони туам, Ошиқи лабханди гулрезу гулафшони туам. Ҳар кадоме гарчи рӯзамро сияҳтар мекунад, Ошиқи мӯи ту, абрӯи ту, мижгони туам.
Оташ намонда дар дили оташпарасти ман,
Оташ намонда дар дили оташпарасти ман, Мастӣ намонда дар хуми чашмони масти ман. Гӯё суол медиҳад он зулфи чун суол Наздик омада магар рӯзи шикасти ман?
Метанам бо одамон, то хешро одам кунам,
Метанам бо одамон, то хешро одам кунам, Мехурам ғамҳои оламро, ки ғамро кам кунам. Шеъру шоир баҳри мардум сарфарозӣ будааст, Шеър мегӯям, ки пеши халқи худ сар
Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед, Бо нигоре дар ҷаҳони пурнигор ошиқ шавед. Пилтаҳои кокули ёре агар бар бод рафт, Бо ҷамолакҳои мӯи обшор ошиқ шавед.
Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед,
Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед, Дар хок шавам пинҳон, пайдои маро ёбед. Дар дашту даман рафтам, дар хоки Ватан рафтам,
Кофтам ҳусни дил аз ҳусну ҷамоли дигарон,
Кофтам ҳусни дил аз ҳусну ҷамоли дигарон, Ёфтам авҷу камоле аз камоли дигарон. Гарчи худ болу пари парвози дуре доштам, Шеваи парвоз омухтам зи боли дигарон.
Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон,
Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон, Ман на онам, ки бувад ҳамраҳи бепову сарон. То дилам ҳаст, биёрам ба бузургон тоат, То назар ҳаст, равам аз паи соҳиб
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем,
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем, Ба ёди зиндагонӣ зиндагониро намедонем. Ба сад дил ташнагони меҳрубониву навозишҳо, Вале худ дилбариву меҳрубониро намедоне
Баҳор мерасад, аз хештан фирор кунед!
Баҳор мерасад, аз хештан фирор кунед! Қарор дар шафати ёри беқарор кунед! Ба майли худ бишукуфед чун гули худрӯй, Ситеза то гули гулдони зарнигор кунед!
Як зумра касон пир таваллудшудагонанд,
Як зумра касон пир таваллудшудагонанд, Эҳсоси ҷавонони дилошуфта чӣ донанд. Инҳо на сағиру на кабиранд, дареғо, Оташ, ки наянд, об дар оташ нафишонанд.
Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт,
Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт, Мехост роз гӯяду аммо забон надошт. Тухме накошт ҳар касе андар замини вақт, Гар тобиши ситорае дар осмон надошт.
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст,
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст, Бедарди сар касест, ки худ сар надоштаст. Бехештан касест, ки аз хештан нарафт, Бедавлат он касест, ки модар надоштаст.
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард,
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард, Як замон дар дили ман ишқ қиёмат мекард. Як баҳор оташи эҳсоси ман афрӯхта буд, Ки саропои ман оҳанги муҳаббат мекард.
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод!
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод! Ҳар лабе, ки бӯса кардам, ёд бод! То ба кӯи ёр бо сад ранҷу бим Роҳҳое, ки сипардам, ёд бод!
Имшаб чи шабе, шаби гудоз аст имшаб,
Имшаб чи шабе, шаби гудоз аст имшаб, Як базми пур аз нозу ниёз аст имшаб. Домод зи баски бандаи ишқ шудаст, Бар гардани ӯ зулфи дароз аст имшаб.
Дӯстро бо тӯҳмати бегона меёбем мо,
Дӯстро бо тӯҳмати бегона меёбем мо, Хирмани дуздидаро аз дона меёбем мо. Нақши бӯса дар лабе худ мӯҳри умри ҷовид аст, Аз ҳақиқат ин қадар афсона меёбем мо.
Қуллаҳо чун аз замин бар осмон сар мекашанд,
Қуллаҳо чун аз замин бар осмон сар мекашанд, Ошиқон гӯӣ зи рӯи моҳ чодар мекашанд. Гарчи сангинанд, аммо дар суруди шабравон Ҳамчу мурғи орзу то осмон пар мекаш
Як нафас бо хеш будан зиндагист,
Як нафас бо хеш будан зиндагист, Байни нӯшу неш будан зиндагист. Дар ҷаҳони орзуҳои наҷиб Аз саворон пеш будан зиндагист.
Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам,
Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам, Чанд рӯзе хешро бо зиндагӣ ҳампо кунам. Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг, Қарз бошад, ёдгори мурдаро эҳё к
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад, Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад. Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аз байни ҳама бурду бало мегузарад дил,
Аз байни ҳама бурду бало мегузарад дил, Аз бодияҳо обилапо мегузарад дил. Гаҳ сӯхта, гаҳ сохта дар кӯраи айём, Аз баҳри ҳама қоидаҳо мегузарад дил.

