Оташ намонда дар дили оташпарасти ман,
Оташ намонда дар дили оташпарасти ман,
Мастӣ намонда дар хуми чашмони масти ман.
Гӯё суол медиҳад он зулфи чун суол
Наздик омада магар рӯзи шикасти ман?
Шеъри маро ба ноз хон дар базми гулрухон,
Холӣ бубинӣ ҳар гаҳе ҷои нишасти ман.
Бигзор баъди мурданам гӯяд давоми роз
Бо қомати баланди ту ин шеъри пасти ман...
Ман даст бо ҳаёти абад медиҳам, агар
Дар вопасин дақиқа бигирӣ ту дасти ман!