Метанам бо одамон, то хешро одам кунам,
Метанам бо одамон, то хешро одам кунам,
Мехурам ғамҳои оламро, ки ғамро кам кунам.
Шеъру шоир баҳри мардум сарфарозӣ будааст,
Шеър мегӯям, ки пеши халқи худ сар хам кунам.
Ман ки аз ин оламам, хоҳам, ки дар шеъру сухан
Одаме ёбам, ки паҳнотар аз ин олам кунам.
Хешро хонам радифи қаҳрамонони замин,
Гар ба ашъори ниёгонам ду байте зам кунам...