Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2630

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1745

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1474

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1405

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1164

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1062

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1048

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 851

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 840

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 801

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 761

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 742

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 741

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 709

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 702

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 678

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 648

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 644

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 638

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 635

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 621

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 609

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 601

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 596

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 569

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Сар бибозам ба сарафрохтагон,

👁 18

Сар бибозам ба сарафрохтагон, Ошиқам бо дили дилбохтагон; Ошиқи ҷумлаи оташбозон – Умрҳо сӯхтаву сохтагон.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд,

👁 30

Гурӯҳе на саволу на ҷавобанд, Гурӯҳе на вуболу на савобанд. Ба лофе даркушо ҳастанд, лекин Калиди хонаи худро наёбанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам,

👁 72

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам, Роҳи дерин бигузорам, раҳи дигар гирам. Ҳамаро тарк кунам шомгаҳон чун хуршед, Домани субҳ кашам, домани дилбар гирам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон?

👁 31

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон? Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон. Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман Аз ишқи ёрон дар рӯзи борон.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем,

👁 34

Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем, Баҳри навошиносон чангу чағона ҳастем. Гӯянд шоири хуб фарзанди даври хеш аст, Баҳри замоншиносон мо худ замона ҳастем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баҳорам тирамаҳ шуд, дилбарам рафт,

👁 22

Баҳорам тирамаҳ шуд, дилбарам рафт, Тароватҳои боғи хотирам рафт, Ниҳоли сабз будам, сояам буд, Кунун ҳам соя, ҳам барги тарам рафт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин қадар дард куҷову мани махмур куҷо?

👁 20

Ин қадар дард куҷову мани махмур куҷо? Ин қадар бахт куҷову мани мағрур куҷо? Ин қадар вақт куҷо рафту куҷо будам ман? Ин қадар ҳусн куҷо буду мани кӯр куҷо?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чӣ будам, чашмаи нӯши ту будам,

👁 15

Чӣ будам, чашмаи нӯши ту будам, Дурахши ҳалқаи гӯши ту будам. Ба рӯзи гарм будам соябонат, Ба рӯзи сард даспӯши ту будам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба васфат достон дорад дили ман,

👁 17

Ба васфат достон дорад дили ман, Ба меҳрат посбон дорад дили ман. Гар аз некии ту мардум бипурсанд, Ҳазору як забон дорад дили ман.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гар ба овози дили ман ту ҳамовоз шавӣ,

👁 26

Гар ба овози дили ман ту ҳамовоз шавӣ, Гар ба оҳанги вафо замзамапардоз шавӣ, Дасти ман гириву бар ҷониби оянда равӣ, Садди чинӣ шиканӣ, соҳири мумтоз шавӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

СУРУДИ ДУШАНБЕ

👁 122

Дар ту мебинам камоли тоҷиконро, Рӯзгори безаволи тоҷиконро. Чашми кулли тоҷикон сӯи ту бошад, Қиблагоҳи тоҷикон кӯи ту бошад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ДУХТАРИ ҲАМСОЯ

👁 53

Гаҳ-гаҳ зи сари девор Хандида назар мекард. Гулхандаи тобонаш Аз ишқ хабар мекард.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

МО ТОҶИКОНЕМ

👁 92

Шеъри аввалин, шеъри ҷовидон, Рукни поядор мо дар ин ҷаҳон. Ҳам наҷибу ҳам ғарибу ҳам пуртавон, Зинда мондаем аз ҷаври замон.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар

👁 20

Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар Мекунӣ, эй – Ватан, бар адӯят зафар. Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту Хӯрда савганди ту – ҷонфидои туем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо – бӯяву армони ӯ,

👁 22

Мо – бӯяву армони ӯ, Мо – чораву дармони ӯ, Дирӯзи фахрангези ӯ, фардои тобони ваем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ХУРОСОНИ БУЗУРГ

👁 27

Чу аз насли Фаридунем, Аз як реша, як хунем. Чу аз хуни Сиёвушем, Ҷовидон ҳамоғӯшем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЗИНДАРӮДУ ПАНҶРӮД

👁 19

Зи рӯди Рӯдакӣ бувад Суруди мо, дуруди мо. Зи риштаи сухан бувад Бақои тору пуди мо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

НУРИ МУҲАББАТ

👁 25

Зи роҳи орзуҳои ҷавонӣ Ва ё сарманзили дури муҳаббат Ту ногаҳ омадӣ дар рӯ ба рӯям, Дилам равшан шуд аз нури муҳаббат.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

БОҒИ ҶАВОНӢ

👁 19

Дар махзани дил оҳе намонда, Аз хирмани дил коҳе намонда. Дар кӯи хубон роҳе намонда, Дар бурҷи сина моҳе намонда.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ҲУСНИ БЕНАЗИР

👁 16

Ҳар гаҳ, ки бинамат Бо қомати баланд, Ояд дилам ба дод, Эй давлати баланд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЁРИ ДИЛ

👁 43

Як лаҳзае, як соате Дар хилвате, беминнате Бо ман бимон, бо ман бимон, То бо ту дорам давлате.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

СУРУДИ НЕКӢ

👁 24

Дунёи савдо бигзарад, Андӯҳи дилҳо бигзарад, Ҳам навбати мо бигзарад, Аммо ба зери осмон

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ОФТОББОРОН

👁 20

Аз дасти булӯри ту Файзи ду ҷаҳон ояд. Аммо чу бишӯрӣ ту, Ҷонам ба фиғон ояд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЗИНДАГӢ

👁 66

Ман туро бахшам ҷавонӣ, Ту ба пириям кашонӣ. Ман ба ту меҳри дил орам, Ту ба ман – номеҳрубонӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ФАРДОИ ЗИНДАГӢ

👁 12

Аз барқи чашматон пурнур зиндагӣ, Аз шӯри ишқатон пуршӯр синаҳо. Озодии ҷаҳон, озодии шумост, Қадри шумо шикаст қадри хазинаҳо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 263 аз 1002