Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон?

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон? Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон. Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман Аз ишқи ёрон дар рӯзи борон. Бо худ ситезам, бехуд ситезам, Коре надорам бо кинадорон. Чун тангчашмон дунё наҷӯям, Қисмат кунам дил бо дилфигорон. Дар синаи ман ҷӯшад ҳамеша Сад корзоре бе корзорон. Одам ғанимат, ҳар дам ғанимат, Эй ҳамнасибон, эй ҳамҷаворон! Фирдавсӣ Анварӣ, Румӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ.
Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон? | Шоирон